Бо роҳи модар. Мэддокс ҳам аз Брэд Питт гузерон шуд

Дар бораи муноқишаи писари калонии ҳунарпешаи шинохтаи амрикоӣ Брэд Питт бо падараш, ки дар дохили ҳавопаймо рух дода буд, нашрияҳо ҳанӯз соли 2016 хабар дода буданд. Аз он замон ба ин сӯ манбаъҳо аз воқеаҳои зиёде гуфтанд, вале ҳамсарони собиқи Бред ягон ҳодисаи оилавии худро шарҳ намедоданд. Рӯзҳои наздик ба писари калонии ҳунарманд — Мэддокс хабарнигоре савол дод, ки ахир косаи сабри вай лабрез шуду қулфи хомӯширо бишкаст.

Суратгирон Медокси 18-соларо дар шаҳраки донишҷӯёни донишгоҳ ёфта, аз ӯ дар бораи муносибатҳои вай бо падараш пурсон шуданд. Онҳо хостанд фаҳманд, ки оё Брэд писарашро дар Кореяи Ҷанубӣ хабар гирифтан мехоҳад ё не ва ё муносибатҳои онҳо аллакай канда шудааст?

«Дар ин бора чизеро намедонам. Ҳар чӣ шавад, шудан гирад», — ҷавоб дод Мэддокс.

Мэддокс ва Ҷолӣ  Бо роҳи модар. Мэддокс ҳам аз Брэд Питт гузерон аст

Аз оғози ҷараёни ҷудошавӣ байни Анҷелина Ҷолӣ ва Брэд Питт, хешовандони онҳо дар бораи муносибати душвори падар ва писари угай хабар медоданд. Дар моҳи август як манбаъ ба нашрияҳо иттилоъ дод, ки Mэддокс бо Питт намехоҳад оштӣ кунад. Тибқи маълумоти сарчашмаҳо, ҳатто пас аз иҷозати суд барои вохӯрии ҳунарпеша бо фарзандон, ӯ бо падараш вохӯрдан намехост.

Анҷелина Ҷолӣ ҳамроҳи Брэд Питт  Бо роҳи модар. Мэддокс ҳам аз Брэд Питт гузерон аст

Хотиррасон мегардем, ки Анҷелина Ҷолӣ Мэддоксро соли 2002 ба писарӣ қабул карда буд ва пас аз чанд сол Питт низ парасториро ба худ гирифт. То соли 2016 ҳамсарон бо писари калонии худ дар чорабиниҳои бисёр иштирок карда, бо суратгирони зиёд рӯ ба рӯ мешуданд. Ба ҳамагон чунин намудор мегашт, ки гӯё оилаи хуб ва намунавӣ ҳастанд. Ин амал дер давом накард. Се сол пеш, Анҷелина шавҳарашро дар муносибати бераҳмона бо Мэддокс ва даст бардоштан ба писараш гунаҳкор кард, ки ин ба оғози ҷудошавии онҳо оварда расонид.

Брэд Питт, Анҷелина Ҷолӣ ва Мэддокс   Бо роҳи модар. Мэддокс ҳам аз Брэд Питт гузерон аст

Сарчашма: popcornnews.ru