Амрико бо арзиши 48 миллион доллар мактаб месозад

Ширкати амрикоии Tower Pinkster мактаби махсуси бехатарро лоиҳакашӣ кард, то толибилмону кормандон дар сурати тирпарронии оммавӣ ба осонӣ наҷот ёбанд. Дар ин бора Dezeen хабар медиҳад.

Айни замон чунин мактаб дар шаҳри Фрутпорти иёлати Мичигани Амрико сохта шуда истодааст. Арзиши лоиҳа 48 миллион доллар аст. Тамоми бино — аз намои бино то ҷузъиёти қулф — тавре тарроҳӣ шудааст, ки дар сурати ҳамла имконотии тирандозӣ маҳдуд бошад.

Амрико бо арзиши 48 миллион доллар мактаб месозад 94b9841b0622dd9386419df1454764f6

Бино аз ду бахш иборат аст, ки онҳоро дарҳои зиддисӯхтор аз ҳам ҷудо мекунад. Бо зер кардани як тугмача мешавад биноро қулф кард, то ки талабагон то расидани пулис аз тирандозӣ наҷот ёбанд.

Роҳравҳои парадис (кампус) каҷ мебошанд, то ин ки аз назари тирандоз пинҳон шудан муяссар гардад. Илова бар ин дар роҳравҳо монеаҳои бетонӣ, барои дар паси он пинҳон шудан, гузошта мешавад.

Амрико бо арзиши 48 миллион доллар мактаб месозад 14ab1271bdfb3570905ba139852eda04 1024x576

Дастакҳои дари синфхона бо қулфҳои дохилӣ барои муҳофизати иловагӣ муҷаҳҳаз карда мешаванд. Шумораи зиёди тирезаҳои мактаб бо пардаи махсус пӯшонида мешаванд, ки он тирҳоро пешгирӣ мекунад.

Ба ҷуз ин, дар мактаб якчанд ҳуҷраҳои махфӣ сохта мешаванд, ки дар он пинҳон шудан мумкин аст. Дар бораи макони ҷойгиршавии ҳуҷраҳо танҳо якчанд нафар аз роҳбарияти мактаб бояд донанду халос.

Амрико бо арзиши 48 миллион доллар мактаб месозад e9e090c1f176dd5fbfbfd3acf947a650 1024x576

Ширкати Tower Pinkster барои таҳияи лоиҳа ба мутахассисони National Institute of Crime Prevention муроҷиат кард, ки он омодагӣ ба масоили гуногуни бехатариро таъмин мекунад.

Соли 2019 дар Амрико 14 ҳодисаи тирпарронии оммавӣ дар мактабҳо рух дод. Соли 2018 дар мактабҳо беш аз 20 бор тирпарронӣ кардаанд, ки дар натиҷа 35 нафар кушта шуда, 79 нафар маҷрӯҳ шудаанд.

Сарчашма: esquire.ru