Дар шаҳри Душанбе бузургтарин ва бошукӯҳтарин фестивали байналмилалӣ – “Go Viral” ба кори худ шурӯъ намуд.

Рӯзи 14 сентябр рӯзи аввали фестивали ҳарсолаи Go Viral дар соҳаи медиа, бизнес ва технология дар Маркази исмоилияи шаҳри Душанбе баргузор гардид.

Дар ҷашнвораи мазкур ба иштирокчиён рӯнамоӣ ва муаррифии таҳқиқотҳо, чорабинии омӯзишӣ доир ба шабакасозӣ (нетворкинг), гуфтушунид ва намоиши филмҳо пешниҳод гардонида шуд. Ҳамчунин мавзӯъҳои даромадноксозии контенти онлайнӣ, авлавиятҳои расонаии хонандагон дар Осиёи Марказӣ, баррасии хидматрасониҳои муосири мобилӣ барои пардохти ғайринақдӣ, маслиҳатҳо барои сохтани подкаст – аз ҷумлаи мавзӯъҳои дигари барномаи фестивал аст.

Дар Душанбе Фестивали байналмилалии “Go Viral” оғоз гардид GoViral 6

Go Viral фестивали байналмилалиест, ки навоварони ВАО (воситаҳои ахбори омма), бизнес ва технологияҳои Тоҷикистон, Осиёи Марказӣ ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрикоро барои омӯхтани тамоюлҳои навтарин ва ғояҳои пешвоёни афкори соҳаҳои гуногун муттаҳид мекунад. Сухангӯёни фестивал мутахассисони фаъол ва эҷодкор аз ИМА ва Осиёи Марказӣ мебошанд.

Дар Душанбе Фестивали байналмилалии “Go Viral” оғоз гардид GoViral 3

Дар Душанбе Фестивали байналмилалии “Go Viral” оғоз гардид GoViral 9

Дар Душанбе Фестивали байналмилалии “Go Viral” оғоз гардид GoViral10

Дар Душанбе Фестивали байналмилалии “Go Viral” оғоз гардид GoViral 8

Ёдовар мешавем, ки фестивали Go Viral рӯзҳои 14 ва 15 сентябр дар Маркази исмоилия доир мегардад.