Иттиҳоди байналмилалии футбол FIFA, беҳтарин футболбози соли 2019-ро интихоб кард.

Дар ин бора ташкилот дар сафҳаи твиттерии худ хабар медиҳад.

Ба ин мукофот Лионел Мессӣ, ҳамлагари бошгоҳи «Барселона» сазовор дониста шуд. Ин дар ҳолест, ки барои дарёфти ин унвон дар баробари Мессӣ ҳамлавари дастаи «Ювентус» Криштиану Роналду ва ҳимоятгари бошгоҳи «Ливерпул» Вирҷил ван Дейк мубориза мебурданд.

Мессӣ аз оғози фаъолияти корияш дар дастаи «Барселона» бозӣ мекунад. Вай дар қаҳрамонии Испониё даҳ бор ғолиб, шаш маротиба – Ҷоми кишвар ва чор маротиба – Лигаи чемпионҳоро бурд намудааст. Дар 50 бозии мавсими гузашта 51 гол ва 22 партоби натиҷаовар ба самар расонидааст. Мессӣ дар ҳайати дастаи миллии Аргентина Ҷоми биринҷии Амрикоро ба даст овардааст.