ФИФА намодвораи (эмблемаи) қаҳрамонии ҷаҳон - Қатар 2022-ро нишон дод

Федератсияи байналмилалии футбол (ФИФА) намодвора ё худ эмблемаи расмии Қаҳрамонии ҷаҳон 2022-ро, ки дар Қатар баргузор мегардад, рӯнамоӣ кард.

Тавре федератсия гузориш медиҳад, намодвора муттаҳидии тамоми дунёро таҷассум мекунад ва ҳамчунин унсурҳои фарҳанги арабиро дарбар мегирад. Дар асоси тарҳ – аломати ҷовидонӣ ва рақами ҳашт (миқдори варзишгоҳҳо, ки мусобиқаҳо дар он баргузор мегардад) аст, ки ба печутоби хомаҳои рег монанд мебошад.

Тарроҳон барои сохтани эмблема аз ҷузъиёти куфии пашмӣ (рӯмоли сар) илҳом гирифтаанд, ки онро дар кишварҳои халиҷи Форс дар мавсими зимистон мепӯшанд.

Барои навиштаҷот ҳуруфе истифода шудааст, ки бо хатти арабӣ омезиш ёфта, бо услуби ҳозиразамон сохта шудааст.

Қатар аввалин кишвари арабиест, ки қаҳрамонии ҷаҳонро баргузор мекунад. Ба сабаби ҳавои гарм, мусобиқа бори аввал на дар фасли тобистон, балки дар мавсими сармо — аз 21 ноябр то 18 декабри соли 2022 баргузор мешавад.

ФИФА намодвораи (эмблемаи) қаҳрамонии ҷаҳон — Қатар 2022-ро нишон дод 1560268103 309269 1560268255 noticia normal 1024x576

Сарчашма: https://esquire.ru/articles/121862-fifa-predstavila-emblemu-chempionata-mira-2022-v-katare/