Футболкаи варзишгари муҳорибаи тан ба тан Ҳабиб Нурмагомедов аз муҳорибаи охирин бо размикори амрикоӣ Дастин Порйе ба маблағи 100 ҳазор доллар фурӯхта шуд. Ҳамаи пулҳо хайр карда мешавад. Дар ин бора пойгоҳи MMA Junkie иттилоъ медиҳад.

Пас аз муҳориба, ки рӯзи 7 сентябр дар шаҳри Абу-Дабии Амороти Муттаҳидаи Араб сурат гирифт, ҷанговарон футболкаи худро ба якдигар туҳфа карданд. Сипас Нурмагомедов ваъда дод, ки футболкаро ба музояда (ауксион) мегузорад ва даромадашро ба хазинаи хайриявии рақибаш The Good Fight Foundation мегузаронад.

Порйе пас аз 10 рӯз хабар дод, ки футболка фурӯхта шуд ва пулҳо барои кофтани чоҳҳо дар Уганда фиристода мешавад, ки он бояд ятимхона ва мактабро бо об таъмин намояд. «Ман барои муҳаббат ва дастгириятон хеле миннатдорам! Ташаккур ба ҳама!!!» — навиштааст Поре дар твиттери худ. Ба гуфтаи ӯ, президенти UFC Дэйн Уайт низ ваъда додааст, ки ҳамин миқдор пулро ба хазинаи вай интиқол диҳад.

Хотиррасон мекунем, ки дар шаҳри Абу-Дабӣ мусобиқаи UFC баргузор шуд, ки дар он паҳлавони рус Ҳабиб Нурмагомедов Дастин Пореро мағлуб кард ва унвони қаҳрамони UFC-ро дар вазни сабук (то 70 кг) ҳифз кард.

Сарчашма: esquire.ru