«Гарри Поттер» дар филми «Мстители: Финал»

Диққат: агар шумо ҳоло қисми хотимавии филми «Мстители»-ро надида бошед, дар ин матлаб нақли баъзе саҳнаҳои он аст, ки сужаи филм пешакӣ ба шумо маълум мегардад ва интизориҳои шуморо барбод медиҳад.

Дар филми «Қасосгирандаҳо: Хотима» (Мстители: Финал) қаҳрамонон ба гузашта бармегарданд, то «қарси Танос»-ро, ки ними оламро несту нобуд карда буд, бекор намоянд. Дар таърихи филмҳои машҳури синамо ҳангоми ёдоварии саёҳат дар вақт филмҳое чун «Назад в будущее», «Терминатор» ва «Петля времени» ба хотир мерасад. Вале маълум гардид, ки офарандагони филми «Мстители» аз филми «Гарри Поттер и узник Азкабана» илҳом гирифтаанд.

«Гарри Поттер» дар филми «Мстители: Финал»  «Гарри Поттер» дар филми «Мстители: Финал» 87f11655dd57fb1f378926ebe09912a8 ce 1032x645x240x0 cropped 960x600 1

Филмноманависон Кристофер Маркус ва Стивен Макфили ба Comicbook нақл намудаанд, ки ҳангоми коркарди қисми хотимавии «Мстители» дар бораи лоиҳаҳои «Назад в будущее» ва «Назад в будущее 2» сӯҳбат карда буданд, вале аз рӯи ин гуфтаҳо дар филм амал карда нашуд.

«Ҳама фикр мекунанд, ки саёҳат дар вақт беҳад ҳаводорони зиёдро ба худ ҷалб мекунад. Далели ин гуфтаҳо филми «Назад в будущее» мебошад, ки дар ҳақиқат писанди ҳамагон гардидааст. Вале агар мо аз он истифода мебурдем, пас ҳар даъфа персонаж дар ояндаи худ ба мушкили рӯ ба рӯ мешуд. Мо бошем шаш сайри вақтро ба нақша гирифта будем. Мо имкон надоштем, ки ин гуфтаҳоро пайгирӣ кунем», — мегӯяд Макфили.

Гаррӣ Поттер  «Гарри Поттер» дар филми «Мстители: Финал»

Дар натиҷа филмноманависон сужаи асосии қисми сеюми филми Гарри Поттерро асос гирифтаанд, ки қаҳрамонони он бо воситаи соати регӣ аз як лаҳза ба лаҳзаи дигари вақт мегузаранд. Қаҳрамонони филм ба гузашта бармегарданд, вале як қоидаеро бояд риоя намоянд. Аниқтараш дар бозгашт ба гузашта худашонро набинанд.

«Ман қисми сеюми филми Гарри Поттерро бениҳоят дӯст медорам. Ҳамон лаҳзаеро, ки кӯзаро бо санг мешикананд. Шумо ҳоло намедонед, ки барои чӣ ин ҳолат рух медиҳад, вале ин саҳна беҳтарин асту нороҳат намекунад. Дертар, вақте тамошобин ба ин лаҳза бармегардад, мефаҳмад, ки боз ба ҷои пешина бармегаштаанду онҳо худашон ба худашон санг партофтаанд», — мегӯяд филмноманавис.

Порчае аз филми «Гарри Поттер», ки дар он бора офарандаи «Мстители» нақл кардааст:

Cарчашма: esquire.ru