Ҷекӣ Чан изҳори муҳаббат намуд

Ҳунарпешаи машҳури чинӣ ва мураббии муҳорибаҳои шарқӣ Ҷекӣ Чан дар назди мухлисону ҳаводорони русиягии худ бахшиш пурсид, ки ба шаҳри Маскав барои муаррифии филми “Асрори мӯҳри аждаҳо” (Тайна печати дракона), ки дар он яке аз нақшҳои асосиро бозидааст, омада натавонист. Видеои махсуси Ҷекиро шабакаи телевизионии CGTN пахш намуд.

«Дар шабакаҳои иҷтимоӣ шарҳҳои шуморо дар бораи он ки лоиҳаҳои омоданамуда ва ҳунарнамоии ман бароятон писанд аст, хондам, аз ин рӯ гуфтанӣ ҳастам: «Аз самими дил ба шумо изҳори миннатдорӣ мекунам, ки тӯли солиёни зиёд маро дастгирӣ ва мухлисӣ мекунед. Ман шуморо дӯст медорам», — гуфта, бо ҷумлаи русӣ ҳунарманд сухани худро ба итмом расонид.

Ҷекӣ Чан инчунин мардуми Русияро бо 70-умин солгарди муносибатҳои дипломатӣ миёни Русия ва Чин доштанашон табрик кард. «Муборак бошад! Дӯстии Чин ва Русия то абад идома хоҳад ёфт».

Хотиррасон мешавем, ки дар филми “Асрори мӯҳри аждаҳо” қаҳрамони асосӣ Ҷонатан Грин ба Шарқи Дур барои саёҳат меравад, ки ӯро ба Чин меорад. Дар он ҷо ӯро воқеаҳои ғайричашмдошт ва пурхатар интизор аст. Дар филми мазкур Ҷейсон Флеминг, Арнолд Швартсенеггер, Чарлз Дэнс, Синтхун Яо, Кристофер Фэйрбэнк, Рутгер Хауэр ва дигарон ҳунарнамоӣ намудаанд.

Филми “Асрори мӯҳри аждаҳо” (Тайна печати дракона) дар толорҳои синамо рӯзи 19-уми сентябр ба намоиш гузошта мешавад.

Сарчашма: kinonews.ru