Хазинадори ҷопонӣ аз 1300 корти кредитӣ пул дуздид

Хазинадори 34-сола аз Токио Юсуке Танигучӣ бо дар хотир гирифтани маълумоти кортҳои кредитии беш аз 1300 харидор: 16 рақами аломатӣ дар рӯйи корт, ному насаб, мӯҳлати эътибор ва рамзи CVV пулҳои онҳоро ғорат кардааст. Ва ҳамаи ин корро ӯ ҳангоми пардохт кардани мизоҷон анҷом додааст.

Вай роҳи осон ва мукаммали нақд кардани пулро фикр карда баромадааст: ӯ ҳамаи маълумоти кортро ба дафтарча сабт мекард ва баъдан тавассути онҳо аз интернет молу маҳсулот харидорӣ намуда, хариди худро ба ломбард месупурд. Ҳамин тавр, ӯ иҷораи хонаашро пардохт мекард ва ба хӯрду хӯрокаш харҷ менамуд.

Ҷавонписар ҳангоми аз Интернет фармоиш додани ду ҷузъдон бо арзиши 270 ҳазор йен (тақрибан 2500 доллар) дастгир карда шуд. Пулис ӯро зуд ёфт – барои расонидани мол вай суроғаи хонаашро нишон дод. Дар хонаи вай ҳамон дафтареро, ки садҳо маълумоти корҳои кредитӣ дар он сабт шуда буд, дарёфт карданд.

Сарчашма: esquire.ru