Мард 15-сол ба барномаи “Кӣ миллионер шудан мехоҳад?” тайёрӣ диду миллионер шуд

Адвокати олмонӣ Ян Штро барои иштирок дар намоиши телевизионии «Кӣ мехоҳад миллионер шавад?» 15 сол тайёрӣ дида, шоҳҷоиза – миллион евроро бурд намуд. Дар ин бора The Guardian хабар медиҳад.

Штрои 35-сола ҳатто дар таҳхонаи худ дар шаҳри Гамбург барои омода шудан ба ин барнома студияи ҳаммонанди шоуро сохт. Ӯ дар студияи худ ҷилваҳои садоӣ ва рӯшноӣ насб намуд.

Вай барои иштирок ариза дар барнома якчанд маротиба дархост фиристод, аммо ҳамеша ҷавоби рад мегирифт. Ниҳоят вай муваффақ шуд ва ӯро ба барнома таклиф намуданд.

Штро мегӯяд, ҳама 1407 нашри барномаро дидааст: дар синни наврасӣ, ӯ ҳатто барои тамошо кардани барнома, дар ҷашнҳои оилавӣ иштирок намекард. Баъд аз ин, вай маъмулан саволу ҷавобҳоро ба таври ҷузъӣ ҷудо мекард, то ки маълумоти бештарро аз худ намояд. Ӯ ҳамчунин викторинаи хонагӣ ташкил намуда, дӯстонашро ба он даъват мекард.

«Тайёрии тақрибан 16-солаи ман бо тамоми эффектҳои барнома, албатта ба ман як дараҷа кумак кард», — мегӯяд Штро. Ӯ мегӯяд, ки пас аз ҷавоб додан ба савол ба арзиши 500 евро, ором шуд. “Ман ба худам мегуфтам: ҳамааш хуб мешавад, танҳо тассавур намо, ки ин шоми одӣ дар викторинаи хона аст”, — мегӯяд ғолиб.

Сарчашма: lenta.ru