Марде дар ҳаво iPhone X ёфт. ВИДЕО

Сэмюэл Кемпф, ки аз Зеландияи нав аст, ҳангоми сайр кардан дар ғалтаки амрикоии (американские горки) боғи Port Aventura смартфони iPhone X-ро аз ҳаво дошт.

«Ман дар Испониё, дар боғи «Порт Авентура» будам. Ҳангоми дилхушӣ дар ғалтаки амрикоӣ мардеро мушоҳида кардам, ки як чанд қатор аз ман пеш нишаста буд, дастгоҳи iPhone X-и худро афтонд. Хулласи гап, ман онро доштам. Ин ғалтакҳои амрикоӣ бо суръати беш аз 130 км/соат ҳаракат мекунанд. Замоне онҳо баландтарин ва тезтарин ғалтаки Аврупо ба ҳисоб мерафтанд», — мегӯяд қаҳрамони видео дар шарҳи навор.

Кемпф пас аз ғалтаки амрикоӣ фаромадан, телефонро ба соҳибаш баргардонд, дарҳоле ки соҳиби дастгоҳ чизи гумкардаи худро дар замин меҷуст.

«Ӯ наметавонист ба ин бовар кунад ва сахт маро ба оғӯш гирифт», — мегӯяд Кемпф. Ба гуфтаи ӯ, аз атраксион фаромадагон наворро дида, ҳатто кафкӯбӣ карданд.

Сарчашма: esquire.ru