Филми тасвирии «Маша и Медведь» дар кинотеатрҳои Бритониё ба намоиш гузошта шуд. Дар ин бора нашрияи «Рамблер» хабар медиҳад.

Гуфта мешавад, силсилаи аниматсияи мазкурро дар 89 кинотеатри Бритониё дидан мумкин аст. Офарандагони лоиҳа умедворанд, ки «Маша и Медведь» дар оянда метавонад дар дигар кинотеатрҳои кишварҳои ҷаҳон намоиш дода шавад.