Овозхони ҷавони амрикоӣ Меган Трейнор таронаи машҳури Rembrandts «I’ll Be There For You»-ро бозхонӣ намуд, ки дар силсилафилми «Дӯстон» (Friends) истифода шудааст. Тарона якҷо бо видеоролик бароварда шудааст, ки дар он бинои осмонбӯси Empire State мумкин аст ва он дар суруд бо рангҳои гуногун ҷило медиҳад.

Меган дар мусоҳиба бо маҷаллаи Rolling Stone иқрор шуд, ки ӯ мухлиси ашаддии силсилафилм буда, ҳар як қисми онро якчанд маротиба тамошо кардааст. Намояндагони ширкати Warner Brothers аз ӯ хоҳиш карданд, ки кавер-версияи силсилафилмро сабт кунад, барои кори тарона аъзои оилаи Трейнор иштирок карданд – онҳо ҳамчун бэк-вокалист баромад карданд. Нахустнамоиш дар 25-ум солгарди силсилафилми “Дӯстон” баргузор мегардад.

Хотиррасон мекунем, ки суруди «I’ll Be Ther e For You» аз ҷониби иштирокчиёни гурӯҳи Rembrandts ҳамроҳ бо муаллифони “Дӯстон” Марта Кауффман ва Дэвид Крейн, инчунин бо шавҳари Кауффман Майкл Склофф ва бастакор Аллӣ Уиллис навишта шудааст.

Сарчашма: https://www.intermedia.ru/news/339744