Пинк ва Khalid ба таронаи «Hurts 2B Human» клип бароварданд

Сарояндаи машҳури амрикоӣ Пинк клипи таронаи асосии албоми «Hurts 2B Human»-ро пешкаши ҳаводорони савту наво намуд.

Дар ролик худи сароянда, овозхон Khalid (ки бо ӯ дует сабт кардааст) ва ҳамсояҳои онҳо дар хонаи бисёрҳуҷрага дида мешаванд: онҳо ғамгин мешаванд, хурсандӣ мекунанд, ҷанг менамоянд, оштӣ мешаванд, асбобҳои мусиқӣ менавозанд ва машғулиятҳои дигари маъмулии ҳаррӯзаро иҷро мекунанд.

Сарчашма: https://www.intermedia.ru/news/339582