Приянка Чопра дар филми

Ҳунарпешаи машҳури ҳиндӣ Приянка Чопра дар баэкранории романи «Паланги сафед» (Белый тигр), ки аз ҷониби ширкати Netflix сохта мешавад, нақшофарӣ менамояд. Тибқи иттилои нашрияи Hollywood Reporter, коргардони лоиҳа Рамин Баҳранӣ («451 градус по Фаренгейту», «Ғарибон») буда, муаллифи филмнома низ ӯ мебошад.

Дар баробари Чопра дар филм Раҷкумар Рао («Панҷ ҷашни арӯсӣ», «Бо муҳаббат, Соня») ва ҳунарманди нав Адарш Гурав нақш меофаранд. Наворбардории филм моҳи октябри соли равон дар Ҳиндустон оғоз меёбад. Яке аз продюсерҳои филм Приянка Чопра маҳсуб мешавад.

Хотиррасон менамоем, ки романи «Паланги сафед»-и Аравинд Адигӣ соли 2008 аз чоп баромадааст ва ҳамон замон ҷоизаи Booker-ро соҳиб гаштааст. Китоб дар бораи тағйир ёфтани ҳаёти ҷавонписари ҳиндустонӣ, ки аз оилаи камбизоати деҳи Ҳиндустон мебошад, ҳикоят мекунад.

Сарчашма: intermedia.ru