Фиребгар: Саг ҳам ҳилаи гадоёни маккорро ёд гирифт

Дар шаҳри Бонгкоки Тайланд як саги бесоҳиб таваҷҷуҳи сайёҳонро ба худ моҳирона ҷалб намуда, аз онҳо хӯрок талаб мекунад.

Саги дайду, ки сокинони маҳал Гэ ном мебаранд, пойи чапи пушташро дар замин кашола мекунад, ки гӯё вай захмин аст ё шикастагӣ. Аммо вақте ки одамони нигарон ба назди саг наздик мешаванд, вай ҷаҳида худро рост мекунад ва маъмулӣ роҳ мегардад.

Шӯҳрати Гэ аллакай аз ҳудуди Таиланд гузаштааст: навор бо саги ҳушёр дар шабакаҳо маъруфият пайдо карда истодааст.

Як сокини маҳаллӣ бо номи Тавипорн Чонгплаполкулсэд, ки ба Гэ ғизо медиҳад, гуфт, ки пойҳои сагро дида баромадааст – ҳамааш хуб аст. Ӯ ҳамчунин иброз намуд, ки агар ягон ҷароҳатро дар саг пайдо мекард, дарҳол ба назди ветеринар мебурд.

“Ин саги солхӯрда дар назди ҷойи кори ман якчанд сол зиндагӣ кардааст. Ӯ ин ҳилларо ҳамеша анҷом медиҳад, то ки одамонро ҷалб кунад, – мегӯяд Тавипорн. – Ман ба ӯ биринҷ медиҳам, аммо вай ин рафторашро ҳоло ҳам мекунад. Вай хеле доно аст. Фикр мекунам, саг бо ин амалаш мехоҳад, ки одамон ба ӯ ғизо диҳанд”.

Сарчашма: esquire.ru