Селин Дион

Овозхони хушсадои канадагӣ Селин Дион намоҳанги таронаи «Imperfections»-ро манзури мухлисону ҳаводоронаш гардонид. Нахустнамоиши клип рӯзи 26-уми сентябр баргузор гардид.

Дар навори видеоии сиёҳ-сафеде, ки коргардони он Габриэл Кут-Дюмон аст, овозхони 51-сола бо либосҳои хушдӯхт дар бар дар назди ойина нишаста, ороиши рӯяшро пок карда, чеҳраи худро бе рангубор нишон медиҳад.

«Imperfections» — клипи аввалини албоми нави Дион «Courage» мебошад, ки он рӯзи 15-уми ноябри соли ҷорӣ пешкаши ҷаҳониён гардонида мешавад.

Сарчашма: intermedia.ru