Ширкати Amazon - сарпарасти филми

Филми «Властелин колец» дар Зеландияи Нав наворбардорӣ карда мешавад. Ин маълумот, ки қаблан тавассути расонаҳои Зеландияи Нав паҳн шуда буд, аз ҷониби ширкати Amazon тасдиқ шудааст, ки он филми мазкурро сармоягузорӣ мекунад.

“Вақте ки мо дар ҷустуҷӯи ҷойе будем, ки дар он зебоии аҷиби асри дуюми миёназаминро боз ба ҳаёт баргардонем, медонистем, ки ба мо чизи боҳашамат бо соҳилҳои зебо, ҷангалҳо ва кӯҳҳо лозим аст, аммо ҳамзамон бояд студияи сатҳи ҷаҳонӣ бошад, ороишгарони баландихтисосу ботаҷриба ва кормандони дигар даркор аст. Ва дар ин ҳолат мо бо камоли хушнудӣ тасдиқ менамоем, ки Зеландияи Нав барои силсилафилми мо хона мегардад. Саргузашти ин воқеаҳо аз китоби Ҷ.Р.Р. Толкин «Властелин колец» таҳия хоҳад гашт. Мо аз мардум ва ҳукумати Зеландияи Нав ва махсусан Окленд барои дастгирии мо дар марҳилаи пеш аз истеҳсол ба мо расонида шуд, миннатдорем. Меҳмоннавозии анъанавии мардуми Зеландияи Нав, ки моро истиқбол гирифтанд, моро аллакай водор сохт, ки худро дар хона ҳис кунем. Мо умедворем, ки дар солҳои оянда шарикии дутарафаамонро густариш медиҳем», — гуфтанд таҳиягарони силсилафилм Патрик МакКей ва Ҷон Д. Пейн.

Интизор меравад, ки наворбардории мавсими аввал дар моҳҳои наздик оғоз ёбад.

Сарчашма: kinonews.ru