Стипендияи байналмилалӣ барои таҳсил дар Амрико

Мӯҳлати охирини қабули дархостҳо: 15 ноябри соли 2019

Грант: то $30 000

Замон: ҳамасола

Макон: ИМА

Тавсиф

Стипендияи байналмилалии ИМА барои донишҷӯё-занони зинаҳои магистратура, аспирантура ва докторантура, ки шаҳрвандони ИМА нестанд.

Стипендияи байналмилалии занон дар ИМА (AAUW) аз соли 1917 ба ин тараф фаъолият дорад. Ҳадафи барнома дастгирии занони таҳсилдошта дар зинаҳои магистратура, аспирантурава докторантура мебошад, ки шаҳрванд ва ё сокинони доимии Амрико нестанд. Барномаи стипендия ҳамаи соҳаҳо ва равишҳои илмию тадқиқотиро дар донишгоҳҳои аккредитатсияшудаи кишвар дар бар мегирад. Тақрибан панҷ стипендияи магистриро дар соли дуюм тамдид карда мешавад. Афзалият ба занҳое дода мешавад, ки кӯшиш доранд вазъи занону духтаронро тавассути фаъолияти шаҳрвандӣ, иҷтимоӣ ва касбӣ беҳтар намоянд. Якчанд стипендияҳо барои занҳое, ки берун аз Иёлоти Муттаҳидаи Амрико (вале на дар ватанашон) таҳқиқот мегузаронанд ва чунин занон бояд аъзои ташкилоти байналхалқии Graduate Women International бошанд.

  • Стипендияи магистрӣ — $ 18,000
  • Стипендияи аспирантӣ — 20,000 доллар
  • Стипендияи докторӣ — 30,000 доллар

Талабот ба довталабон

  • Довталаб ба стипендия метавонад зане бошад, ки шаҳрванди ИМА нест. Зане, ки дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико зиндагӣ мекунад, дар сурати доштани раводиди ғайримуҳоҷиратӣ метавонад дар барнома иштирок кунад. Занҳое, ки душаҳрвандӣ доранд (ИМА ва ё кишвари дигар) наметавонанд барои дарёфти идрорпулӣ довталаб бошанд.
  • Довталабон бояд то 30 сентябри соли 2017 дараҷаи бакалаврро (дар ИМА ё дар давлати дигар) гирифта бошанд.
  • Хуб донистани забони англисӣ (550 — (TOEFL PBT); 79 — (TOEFL iBT); 60 — Санҷиши TOEFL Paper-Delivered Test) ва нияти баргаштан ба ватани худ барои идомаи фаъолият.
  • Барои бадастории стипендия то 15 ноябри соли 2019 ба таври онлайн дархост равон намоед.
  • Дархостҳо аз моҳи август то ноябри ҳар сол қабул карда мешаванд.

Маълумоти муфассалтар дар сомонаи ташкилкунанлагон

Тамос

AAUW National Office 1310 L St. NW, Suite 1000 Washington, DC 20005

202.785.7700

Сарчашма: grantist.com