Таҳсили ройгон дар Амрико

Мӯҳлати ниҳоии номнависӣ: 15 ноябри соли 2019

Грант: 15 000$-25 000$

Замон: ҳамасола

Макон: Ворчестер, Амрико

Тавсиф

Стипендияи Clark Global Scholars Program дар асоси он ташкил шудааст, ки донишгоҳи Clark University талош дорад донишҷӯёнро бо таълиму тарбияи сатҳи баланди ҷаҳонӣ таъмин намояд.

Стипендияро донишҷӯёни хориҷие метавонанд ба даст оранд, ки ба яке аз барномаҳои бакалавриати донишгоҳ роҳ ёфтаанд.

Стипендияи Clark Global Scholars Program иборат аст аз:

  • Идрорпулиҳо аз 15 000$ то 25 000$;
  • Грант дар ҳаҷми 2500$ барои гузаштани таҷрибаомӯзӣ (ин грант андозбандӣ мегардад);
  • Имконияти иштирок дар барномаи Global Scholars Mentor Program, ки як қисми он аз хӯроки шом иборат мебошад, ки онро президенти донишгоҳи Clark University ташкил кардааст.

Стипендия дар тӯли 4-сол пардохт карда мешавад.

Талаботҳо барои довталаб

Стипендияро нафарони зерин ба даст оварда метавонанд:

  • Донишҷӯёни хориҷие, ки ба яке аз барномаҳои бакалавриат ҳуҷҷат супоридаанд (донишҷӯёне, ки аз дигар донишгоҳ интиқол ёфтаанд, имкони гирифтани стипендияро надоранд);
  • Довталабоне, ки таҳсилоти миёнаро ба итмом расонидаанд;
  • Ба стипендияи мазкур донишҷӯёни хориҷие номзадӣ карда метавонанд, ки дар Амрико мактабро хатм кардаанд;
  • Довталабоне, ки миёни ҷомеаи худ ва тамоми олам пешсафӣ нишон додаанд.

Дархост барои дарёфти стипендия то 15 ноябри соли 2019 қабул карда мешавад.

Муфассалтар дар сомонаи ташкилкунандагони стипендия.

Таҳсили ройгон дар Амрико                                                 Clark Global Scholarship Program                          Clark University

Тамос

950 Main Street Worcester, MA 01610

508-793-7711

Сарчашма: grantist.com