Уилл Смит

Ҳунарпешаи муваффақи амрикоӣ Уилл Смит дар филми нави ширкати Netflix нақши чеҳраи шинохтаи ҷиноии Ню-Йорк Ник Барнсаро меофарад. Тавре нашрияи Deadline хабар додааст, филми «Шӯро» («Совет» — «Council») номгузорӣ шудааст. Лоиҳаи мазкур Уилл Смит ва Питер Ландесман (таҳиягари филми «Защитник»)-ро ба ҳам овард. Питер дар ин тасвир вазифаи коргардонӣ, филмноманависӣ ва филмсозии лоиҳаро бар дӯш дорад.

Хатти филм дар бораи як гурӯҳи созмонёфтаи ҷиноӣ қисса мекунад, ки ҳафт нафар амрико-африқоиро дар бар мегирад ва онҳо дар солҳои 1970-80 ба Гарлем омада буданд. Филм бар таърихи пур аз ҳавасу ҳиссиёти шекспирии роҳбари Шӯро – мақомоти худидоракунии маҳаллӣ — Ник Барнс, ки расонаҳо ӯро «Ҷаноби Дастнорас» меноманд ва ҳамаи дигар аъзои Шӯро асос ёфтааст.