Зарарнок: Хӯроки тезтайёр наврасеро ба кару кӯр табдил дод

Писарбачаи ҷавоне аз шаҳри Бристоли Англия дар тӯли 12 сол танҳо ғизои тезтайёр (фастфуд) мехӯрд, ки дар натиҷаи он бинобар сабаби норасоии витаминҳо ва минералҳо дар бадан биноӣ ва шунавоияшро аз даст дод. Дар ин бора Independent хабар медиҳад.

Ба гуфтаи табибон, ин наврас аз бесарусомонии хӯроки интихобшуда азият мекашад. Одамони дорои ин гуна беморӣ аз хӯрокҳои таркибии муайян, мазза, бӯй ва намуди зоҳирӣ худдорӣ мекунанд.

Тавре модари ӯ мегӯяд, писараш аз синни 7-солагӣ ба хӯроки зудпаз одат кардааст. Маҳз аз ин синну сол ӯ картошкаи бирён, чипс, ҳасибча, ветчина ва нони сафед мехӯрд. Вай аз хӯрокҳои дигари фоидаовар мепарҳезид. Ҳангоме ки саломатии писарак бад шудан гирифт, табибон ба ӯ иловаҳои ғизоӣ таъйин карда, ба назди диетолог ва равоншинос фиристоданд, аммо дар солҳои охир писарбача ғизои худро тағйир надод. Дар натиҷа, навраси 14-сола, гӯшҳояш кар шуду пасон чашмонаш аз сабаби осеб дидани асабҳои шунавоиву биноӣ хира гашт.

Пас аз хатми мактаб, вай кӯшиш кард, ки ба коллеҷ дохил шавад, аммо аз сабаби мушкили биноӣ ва шунавоӣ, маҷбур шуд аз фикраш гардад.

Сарчашма: esquire.ru