Сарояндаҳои машҳури индонезӣ Андиен ва Декат суруди муштараки худро бо номи «Somewhere In Tajikistan», ки ба Тоҷикистон бахшида шудааст бароварданд.

«Суруди «Somewhere In Tajikistan» аллакай баромадааст ва он дар ҳамаи хизматрасониҳои рақами дастрас мебошад», — навиштааст Андиен дар бораи суруд дар саҳифаи Facebook-и худ ва ҳамаи мухлисони худро барои гӯш кардаи он даъват намудааст.

Ин аввалин суруди муштараки Андиен ва Декат аст, ки аз ҳикояи дӯстонашон Диего ва Марлис, ки ба Тоҷикистон сафар карда буданд, илҳом гирифтаанд.

“Мо ҳеҷ гоҳ нақли онҳоро, ки дар бораи Тоҷикистон ба мо гуфтанд, фаромӯш намекунем”, — навиштааст Андиен.

Қайд кардан лозим аст, ки Тоҷикистон бо 190,1% рушди сайёҳӣ, ба қатори 10 минтақаи рушди босуръати сайёҳӣ дар ҷаҳон, ба мисли кишварҳои Эрон ва Туркияро пеш карда, пешсаф шуд. Ин маълумотҳо аз ҷониби бренди «AFAR» пешниҳод шудааст.