Ҷозеф Моул, ки дар силсилафилми «Игра престолов» нақши Бенҷен Старкро офарида буд, ба ҳайати гурӯҳи ҳунармандони силсилафилми «Властелин колец» ҳамроҳ гардид. Тибқи иттилои сарчашмаҳо, Moул нақши марказии персонажи манфиро, ки Орен ном дорад, мебозад. Дар бораи хислати нақши меофаридаи ӯ маълумоти бештар ҳоло дастрас нагардидааст.

Дар силсилафилми «Властелин колец» Моул ба рӯи навор ҳамроҳи Уилл Поултер нақшофарӣ мекунад.

Сужаи филм ифшо нашудааст. Ин лоиҳа дар давраи эраи дуввум, 3000 сол пеш аз трилогияи Питер Ҷексон ба амал хоҳад омад. Он замон, дар Миёназамин давлати Нуменор пайдо шуд, ки миёни онҳову сауронҳо ҷанг мешуданд. Ва дар натиҷа ин давлат низ ба нестӣ рафт.

Амазонка нақша дорад, ки панҷ мавсими сериалро барорад ва буҷаи умумии лоиҳаи калонҳаҷм тақрибан 1 миллиард долларро ташкил медиҳад. Интизор меравад, ки наворбардории филми «Властелина колец» дар Зеландияи Нав мегузарад.

Хуан Антонио Байона ду саҳнаи аввалро таҳия мекунад. Патрик МакКей ва Ҷон Д. Пэйн ва Брайан Когман навиштани филмномаи лоиҳаро ба ӯҳда доранд.

Сарчашма: https://www.kinopoisk.ru/media/news/3424254/