Адел ва Бейонсе якҷоя месароянд

Овозхони маъруфи амрикоӣ Бейонсе ва сарояндаи ҷавони бритонӣ Адел ҳамроҳ таронаи муштарак сабт кардаанд.

Ин нуктаро роҳбари гурӯҳи One Republic Райан Тедде дар мусоҳиба бо радиои Z100 ошкор кард.

Оҳанг барои албоми нави гурӯҳи » Human» пешбинӣ шудааст, ки барориши он моҳи ноябри соли 2019 ба нақша гирифта шудааст. Қисмати фортепианоро барои ин тарона овозхони гурӯҳи Coldplay Крис Мартин иҷро кардааст. Кай баргузор шудани ахустнамоиши таронаро Райан нагуфт.

Бейонсе ва Адел борҳо аз эҷоди якдигар мафтун шудаанд ва сарояндаи машҳури бритонӣ Адел дар ҳақиқат мухлиси ашаддии ҳамкори амрикоии худ аст. Ӯ борҳо ба консертҳои Бейонсе ташриф оварда, дар саҳифаи худ дар Instagram наворҳои хешро мегузорад, ки дар сурудҳои ӯ мерақсад. Соли 2017 Адел ҳангоми гирифтани ҷоизаи “Грэмми” барои беҳтарин албом, аз рӯи саҳна изҳор намуд, ки омодааст ба манфиати Бейонсе аз ҷоиза даст кашад, зеро қартаи (пластинкаи) ӯ «Lemonade»-ро нисбат ба қартаи худ беҳтар мешуморад.