Муваффақияти барҷастаи “Ҷокер” бо ҳунарпешаи муваффақи амрикоӣ Хоакин Феникс бо як қатор ҷанҷолҳо ҳамроҳ аст. Агар қаблан дар бораи ҳамлаҳои эҳтимолӣ дар толорҳои синамо хабар дода шуд, ҳоло маълум гардид, ки муаллифи яке аз саундтрекҳои филм, маҳкумшуда барои педофилия, мусиқинавози собиқ Гарӣ Глиттер (номи ҳақиқияш Пол Гэдд) мебошад. Дар ин бора рӯзномаи The Sun менависад.

Оҳанги Rock and Roll Part дар яке аз саҳнаҳои авҷгирифта садо медиҳад, ки Артур Флэк дар симои Ҷокер аз зинаҳо поён омада, рақс мекунад. Ин суруд соли 1972 ин гуна садо медод:

Бино ба қонунгузории Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар бораи ҳуқуқи муаллиф, муаллифи суруд барои истифодаи сабт пардохти яквақта, инчунин фоиз аз ҷамъи фурӯшу намоиши филм дар толорҳои синамо ва боз аз фурӯши DVD ҳақ мегирад.

Ҳоло Гарӣ Глиттер барои кӯшиши латукӯб ва таҷовуз кардани духтаре, ки 13-сол ҳам надошт, маҳкум шудааст.

Истифодаи ин суруд дар филм бисёри тамошобинонро маҳз барои ҷиноятҳои муаллифи он ба ғазаб овард. Баъзеҳо ҳатто хоҳиш карданд, ки ба филми “Ҷокер” нараванд, то ки гонорари Глиттер зиёд нашавад.

“Дар вазъияти муқаррарӣ, ман ҳеҷ гоҳ чунин чизро пешниҳод намекардам. Ва ҳанӯз, агар шумо ният дошта бошед, ки дар ин рӯзҳои истироҳат ба тамошои филми “Ҷокер” рафтаниед, лутфан онро аз торрент ва ё версияи пиратии онро дарёфт кунед. Лаънат ба чунин филме, ки кисаи чунин сарояндаи педофилеро мисли Гарӣ Глиттер дидаву дониста пур мекунад!”

«Андешаҳои омехта дар бораи филм, аммо ҳама розӣ ҳастанд, ки пул додан ба Гарӣ Глиттер — бад аст!»

Сарчашма: esquire.ru