Бародари Ҳабиб:

Умар Нурмагомедов, хеши Ҳабиб Нурмагомедов, гуфт, ки оилаи ӯ ба латукӯби варзишгари муҳорибаҳои омехта Расул Мирзаев иртибот надорад.

«Оилаи мо дар ин кор тамоман даст надорад. Ин ҳамон вақте буд, ки Расул Мирзаев бо Артём Лобов нишаста буд, гапи Артём бо бачаҳо мегурезад ва ӯ ба онҳо ҷавоб бармегардонад. Хонаводаи мо дар ин кор ҳамроҳ набуд. Баръакс, Ҳабиб ба Расул мегуфт: эҳтиёт бош, ки ин бачаҳо мехоҳанд бо ту чӣ коре кунанд.

Навор бераҳмона аст, ман инро бардошт карда наметавонам. Агар нисбати шахс алам дошта бошӣ – рафта як ба як ҳал намо, бо худ одам гирифтан лозим нест. Онҳо ҷазои худро нагирифтаанд, чунки онҳоро наёфтанд. Агар меёфтанд, ҷазояшонро ҳатман мегирифтанд. Ин савол барои муфаттишон аст», – иқтибос меорад суханони Нурмагомедовро нашрияи «Спорт-Экспресс».

Ёдовар мешавем, ки ҳамла ба хонаи Мирзаев моҳи марти соли 2016 рух дода буд, аммо навори латукӯби варзишгар ба наздикӣ пайдо шуд. Тибқи баъзе маълумотҳо, дар байни одамоне, ки ба Мирзаев ҳамла карданд, хешовандони Ҳабиб Нурмагомедов низ буданд.

Сарчашма: eurosport.ru