Вин Дизел, офарандаи нақши асосии филми ҷангии «Бладшот», видеои нахустини таблиғотии онро нашр намуд.

Ёдовар мешавем, ки Дизел нақши сарбози собиқ Рэй Харрисонро мебозад, ки дар натиҷаи озмоиш аз нанотехнология дорои қобилиятҳои ғайриодии зиёде мегардад. Ҳунарпеша дар як мусоҳиба таваҷҷӯҳи худро ба ин нақш чунин шарҳ дод: «Хуб, аввалан, ин бестселлери New York Times буд ва ба ман маъқул аст, ки персонаж хислати инсонии худро аз даст намедиҳад. Ин воқеияти хаёлӣ нест, он ба воқеият асос ёфтааст”.

Ҳаводорони ин ҳунарманди шинохта метавонанд аз ин филм 20 феврали соли 2020 дидан намоянд.