Бурди аввали дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон дар Ҷоми ҷаҳон

Санаи 29-уми октябри соли ҷорӣ дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон дар мусобиқоти футболи Ҷоми ҷаҳон, ки дар Бразилия баргузор шуда истодааст, дар бозии аввали гурӯҳӣ бар тими Камерун 1:0 ғолиб омаданд. Голи ягонаи дастаи мунтахаби Тоҷикистонро дар дақиқаи 51-ум, аз ҷаримаи 11 метра — Шарифбек Раҳматов ба ҳадаф расонид ва бо ин натиҷа, дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар гурӯҳи худ, дар зинаи аввал ҷойгир шуд. Дигар бозии ин гурӯҳ байни дастаҳои Испания ва Аргентина мусовӣ анҷом ёфт.

Видеообзор матча юношеского чемпионата мира-2019 Таджикистан — Камерун — 1:0Юношеский чемпионат мира-2019 (U-17)Группа «Е». 1-й турТАДЖИКИСТАН – Камерун – 1:0Гол: Шарифбек Рахматов, 51 — с пенальти.

Опубликовано Tajikistan Football Federation Понедельник, 28 октября 2019 г.

Бозии ояндаи дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон шоми 31-уми октябр соати 1:00-и шаб бо дастаи Испания баргузор мегардад.