Санҷоб пойи занро ба сӯйи худ кашид ва ӯ аз қафои вай рафт.

Дар шаҳри Пуласки иёлати Вирҷинияи Амрико санҷоб занеро ба пеши кӯдаки маҷрӯҳаш овард, то ки ӯро наҷот диҳад. Дар ин бора Esquire хабар медиҳад.

Дар Боғи Киванис санҷоб ба назди зане бо номи Тиа Пауэлл давида, пойи ӯро мекашад. Зан аз паси ҷонварак омада, санҷобакро мебинад, ки пойҳояш захмӣ шудааст. Дар назди хонаи санҷобҳо, ӯ ҳамчунин гурбаи пинҳоншударо дид, ки ҳар лаҳза метавонист ба онҳо ҳамла кунад.

Тиа ба дугонаи худ ва ба пулис занг зад. Кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ омада, пойи санҷобакро коркард карда, ба ҷонварон барои ба болои дарахт баромадан кумак карданд.

«Агар Тиа ба ҳиссиёти худ бовар намекард, ҳама чиз метавонист дигархел ба анҷом расад», — қайд намуданд намояндагони пулиси шаҳри Пуласкӣ.