Дар Ню-Йорк тамошои

Дар кинотеатри AMC Empire 25, воқеъ дар шаҳри Ню-Йорк филми “Ҷокер” ба намоиш гузошта шуд. Дар рафти намоиш яке аз меҳмонони дар он ҷо ҳузурдошта бо рафтори даҳшатноки худ ба тамошобинон халал расонд. Ҳангоме ки дар экран саҳнаи куштор нишон дода мешуд, ин меҳмони нохонда ба рӯйи нафарони нишаста туф мекард ва ҳар вақт шодии худро иброз медошт. Аз ин рӯ қисми зиёди тамошобинон ба сабаби нороҳатӣ кинотеатрро тарк карданд.

Маврид ба тазаккур аст, ки хадамоти бехатарии кинотеатр, танҳо пас аз оне, ки толор қариб холӣ шуд, вокуниш нишон доданд. Қабл аз ин, яке аз ҳозирон дар толор кӯшиш кард, ки шахси нороҳаткунандаро ором кунад. “На ҳама қаҳрамонон костюм ва ниқоб мепӯшанд” — гуфт яке аз тамошобинони миннатдори ин филм.

Дар Ню-Йорк тамошои «Ҷокер»-ро ба хотири меҳмони хашмгин тарк карданд AMC Empire 25 1200x675 1024x576

Баъзе шоҳидони ҳодиса мегӯянд, ки пеш аз ворид шудан ба толор, ин ҷинояткор як шиша арақро холӣ карда буд. Шӯъбаи пулиси шаҳр мегӯяд, дар бораи ин ҳодиса маълумоте надорад, зеро аз ҷойи ҳодиса ба онҳо занг назадаанд.

Хотиррасон менамоем, ки намоиши филми «Ҷокер» дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо чораҳои мукаммали амниятӣ баргузор мешавад. Қаблан пулиси шаҳри Ню-Йорк ҳушдор дода буд, ки дар кинотеатрҳо посбонӣ хоҳанд кард ва баъзе кормандон бо либоси шаҳрвандӣ барои боздоштани ҷиноят метавонанд дар дохили толор қарор гиранд.

Сарчашма: kinonews.ru