Дар Оксфорд дар чорабиниҳои донишҷӯӣ қарсак заданро манъ карданд

Донишҷӯёни донишгоҳи Оксфорд ба манъи қарсак дар чорабиниҳои худ ноил гардиданд, менависад Daily Mail.

Ин тасмим, барои он гирифта шудааст, ки чорабиниҳоро барои донишҷӯёни гирифтори аутизм ва ихтилоли пуризтироб бештар дастрас карда шавад, зеро аксари чорабиниҳоро онҳо бо сабаби садои баланд ташриф намеоранд.

Ҳамчун алтернатива, онҳо “дастҳои ҷазро” (jazz hands), ки барои он дастонро ба боло бардошта, дар ҳаво тоб медиҳанд, пешниҳод карданд.

Дар Оксфорд дар чорабиниҳои донишҷӯӣ қарсак заданро манъ карданд 20095358 7605991 image m 6 1571852546068 215x300Дар Оксфорд дар чорабиниҳои донишҷӯӣ қарсак заданро манъ карданд 20095360 7605991 image m 4 1571852532762 215x300

Ташаббуси Иттифоқи донишҷӯёни Донишгоҳи Оксфорд аз ҷониби як қатор расонаҳои таблиғӣ ва консервативӣ танқид карда шудаанд. Бисёре аз нашрияҳо, донишҷӯёнро бо ҳассосияти шадид дашном медиҳанд ва онҳоро «барфак» номиданд. Масалан, барандаи нуқтаи назари консервативӣ Пирс Морган, ин хабарро бо «қарсакҳои баланд» -и эмодзи пешвоз гирифт.

Сарчашма: esquire.ru