Ҳунарпешаи писандидаи хурду бузург Дуэйн Ҷонсон барои мухлиси худ Мэрӣ Гровер сюрпризи фаромӯшнашаванда кард. Рӯзи 1-уми октябр Мэрӣ 100 сола шуд ва махсус барои ӯ ҳунарманд навори табрикотӣ сабт намуд. Дар ин бора Esquire хабар медиҳад.

Мэрь Гровер аз чунин тӯҳфа бениҳоят хурсанд шуд.

Мэрӣ Гровер дастикам 20 сол мухлиси “Скала” (тахаллуси ҳунарманд) аст. Ин ба дӯсти беҳтарини набераи ӯ — Ҷеймӣ Клингер маълум буд. Ба туфайли ӯ навори табрикотӣ иҷро шуд.

Ҷеймӣ тавассути дӯстони худ кӯшиш кард, ки бо актёр тамос гирад ва вақте ки ӯ дар ин мавзӯъ дар твиттер навишт, онро худи Дуэйн Ҷонсон дид.

«Чӣ? Бори аввал мешунавам! Кӣ 100 сола мешавад? Синну соли бузург! Чӣ кор кардан лозим аст, Ҷеймӣ?” — навиштааст Дуэйн. Духтар ба ҳунарпеша мегӯяд, ки бибияшро ба ҳайрат овардан ва бо табрикоти видео хушнуд кардан лозим аст.

Дуэйн Ҷонсон дар твиттераш бори дигар мухлиси худро бо солгардаш табрик карда, видеои вокуниши ӯро ба табрикот бори дигар дар саҳифаи худ гузошт.

«Вай зани пирро бениҳоят хушбахт кард. Ман ҳамеша аз ӯ миннатдор хоҳам буд», — шарҳ дод амали ҳунармандро Ҷеймӣ Клингер.