Эд Ширан бо Камила Кабелло ва Кардӣ Бӣ таронаи нав эҷод карданд

Овозхони саршиноси ҷаҳонӣ Эд Ширан, Камила Кабелло ва Кардӣ Бӣ барои таронаи «South of the Border» клип сабт карданд.

Дар ролике, ки коргардонаш Дейсон Кениг ба шумор меравад, ҳамаи онҳо, ҳамчунин Алексис Рен ва ҳунарманд Пол Кармирян аъзои созмонҳои ҷосусии рақобаткунанда мебошанд, ки барои гарданбанди гаронбаҳо дар саросари ҷаҳон мубориза мебаранд. Навор ба филмҳои агент 007 истинодҳои зиёд дорад, аммо он бо муҳаббати ҳэппӣ-энд ба поён мерасад.

Сарчашма: intermedia.ru