Emin ва Bahh Tee

Овозхонҳои ҷавони русиягӣ Emin ва Bahh Tee таронаи нави худро ҳамроҳ бо клип нашр карданд.

Оҳанг «Парами» ном гирифта, ба албоми нави Bahh Tee дохил мешавад, ки нахустнамоиши он рӯзи 4-уми октябр баргузор мегардад. Тавре хадамоти матбуотии сароянда хабар медиҳад, ин ягона дуэте мебошад, ки ба албоми нави ӯ ворид мешавад.

Bahh Tee муаллиф ва сарояндаи хеле боистеъдод аст. Дӯстӣ ва ҳамкории мо аз соли 2016 бо суруди «Сбежим в Баку» оғоз ёфт, ки ӯ барои ман навишта буд ва он то ҳол яке аз таронаҳои машҳури ман аст. Ӯ метавонад пешгӯӣ кунад ва маслиҳат диҳад. Ин хеле муҳим аст. Беҳуда мо маркази нав насохтем, ҳоло клипи муштараки худро бо номи «Парами» мебарорем. Ӯ марди хеле хуб аст,мегӯяд Emin.

— Аз ҳама муҳимаш он аст, ки мо дуэтро барои лозим буданаш не, балки барои мо ҳамкорӣ кардан рӯйи тарона ҷолиб буд. Ман сурудро навиштам ва дар он Эминро дидам ва шунидам, ба назари ман, он воқеан ҷолиб ва ҳамоҳанг шуд, — мегӯяд Bahh Tee.

Коргардони клип Евгений Абдел-Фаттоҳ маҳсуб меёбад.