Филмноманависи «Форсаж» Киану Ривзро дар филми худ дидан мехоҳад

Филмноманависи ҳамешагии филми «Форсаж» Крис Морган дар мусоҳибаи худ нақл кард, ки барои пешниҳоди яке аз нақшҳо дар франшизаи оянда бо Киану Ривз вохӯрӣ баргузор намуд. Морган иқрор гашт, ки мехоҳад нақшофарии ин ҳунарпешаи шинохтаву боистеъдодро дар лоиҳаи худаш бубинад, вале реҷаи кории ӯ ва интихоби персонажи мувофиқ ба ӯ ин имкон надода истодааст.

«Ман бо ӯ вохӯрдам ва нақшҳоро баррасӣ кардем, — гуфт Морган. — Ман кайҳо боз орзу мекардам, ки Киануро дар олами филмҳои “Форсаж” бубинам. Мо танҳо кӯшиш мекунем, ки онро пайдо кунем… Мушкилоти асосӣ бо вақт, ҷадвали корӣ ва ташкили чизи мувофиқ мебошад. Ман беҳад мехоҳам ӯро бо ин франшиза шинос кунам”, — мегӯяд филмноманавис.

Киану Ривз  Филмноманависи «Форсаж» Киану Ривзро дар филми худ дидан мехоҳад                     1024x576

Яке аз лоиҳаҳои имконпазир барои Ривз филми «Хоббс ва Шоу» мебошад. Ҳунарпеша дар аввал бояд нақши роҳбари ташкилоти махфии «Этеон»-ро мебозид. Аммо дар ниҳоят Ривз маҷбур шуд аз нақш даст кашад ва дар филм ба раҳбари Этеон садои ғайримаъмулӣ гузошта шуд.

Мухлисону ҳаводорони филми мазкур метавонанд 21 майи соли 2020 аз он дидан намоянд.

Cарчашма: kinopoisk.ru