Ҳунарманди маъруфи англис Ҷейсон Стэтхэм ва коргардони бритонӣ Гай Ричӣ бори чорум аст, ки боз як лоиҳаи умумӣ ба ҳам меорад. Тибқи иттилои нашрияи THe Wrap, сухан дар бораи версияи англисии филми фаронсавии «Инкассатор» («Le Convoyeur») меравад.

Студияи Miramax ҳуқуқи ҳамкорӣ бо лоиҳаи ширкати Studiocanal-ро ба даст овард. Сужаи филм перомуни инкассаторе мебошад, ки ӯҳдадор гаштааст, то ҳар ҳафта садҳо миллион долларро ба Лос-Анҷелес интиқол диҳад. Дар филми аслӣ ин амал дар тӯли чанд вақт сурат мегирифт ва рӯйдодҳо аз нуқтаи назари қаҳрамонҳои гуногун муаррифӣ мешуданд.

«Ман умедворам, ки ин достонро ба ҳаёт бармегардонам ва дубора бо Ҷейсон ҳамкориро ба роҳ мемонам, то он даме ки ӯ зонуҳояшро дошта метавонад», — мегӯяд Гай Ритчӣ.

Ёдовар мешавем, ки Ҷейсон Стэтхэм дар якчанд филмҳои коргардон нақшофарӣ намудааст. Филмҳои «Большой куш», «Карты, деньги и два ствола» ва «Револьвер» лоиҳаҳои хеле назарраси ҳам коргардон ва ҳам ҳунарпеша ба ҳисоб мераванд. Соли 2019, актёр дар филми ҷангии «Форсаж: Хоббс и Шоу» нақш бозида, беш аз 750 миллион доллар ҷамъ овард. Дар мавриди Ричӣ гуфтан мумкин аст, ки соли ҷорӣ филми хеле муваффақи ӯ «Аладдин» ба намоиш гузошта шуд, ки 1 миллиард доллар фоида кард.

Сарчашма: kinonews.ru