Instagram филтр ва ниқобҳоро нест мекунад

Замимаи Instagram он эффектҳоеро, ки ба натиҷаҳои ҷарроҳии пластикӣ монандӣ мекунанд, аз функсияи худ нест мекунад. Дар ин бора ширкати Spark AR, ки ниқобҳо ва филтрҳоро барои барнома таҳия мекунад, навиштааст.

Ниқобҳои мавҷудбуда бо чунин эффектҳо нест карда мешаванд ва баррасии илова намудани унсурҳои нав ба замима ба як тараф гузошта мешавад. Ин гуфтаҳо ҳамчунин ба он филтрҳои маҷозӣ, ки ширкат месозад ва ба таҳияи фармоишӣ низ дахл дорад.

Ба ақидаи таҳиягарон, филтрҳо бо эффекти ҷарроҳии пластикӣ ба рӯҳи истифодабарандагон таъсири манфӣ мерасонанд, тасаввуроти онҳоро дар бораи намуди зоҳирии худашон паст мегардонад ва дар як вақту замон ин нафари истифодабаранда рӯ ба зебогии сунъӣ меорад.

Сарчашма: esquire.ru