Иштироки Кардӣ Бӣ дар «Форсаж»-и нав

Овозхон ва ҳунарманди шинохтаи амрикоӣ Кардӣ Бӣ дар қисми нуҳуми филми «Форсаж» ҳунарнамоӣ мекунад. Дар ин бора Вин Дизел дар саҳифаи инстаграмии худ хабар дод, ки яке аз видеороликҳо бо иштироки репсароро нашр намуд. Дар видео Кардӣ мегӯяд, ки вай хеле хаста аст ва мехоҳад, каме дам гирад ва ҳамчунин итминон дорад, ки ин қисми беҳтарини «Форсаж» хоҳад буд. Дар тасвир нақши киро бозидани ин репсаро қайд нашудааст.

Хотиррасон мекунем, ки филми «Форсаж 9» санаи 21 майи соли 2020 дар кинотолорҳо ба намоиш гузошта мешавад. Дар филми мазкур инчунин Ҷон Сина, Мишел Родригес, Тайриз Гибсон, Лудакрис, Шарлиз Терон, Хелен Миррен ва Майкл Рукер нақшофарӣ мекунанд.

Ҳамчунин маълум шуд, ки овозхони Амрикои Лотинӣ Осуна дар филми нав ҳунарнамоӣ хоҳад кард.

«Тавре ки шумо медонед, мо аксар вақт одамони боистеъдодро аз соҳаи мусиқӣ ба экрани калон интиқол медодем», — навиштааст Вин Дизел дар Instagram, бо сурати муштараки худ ва Кардӣ. — Интизор меравад, ки онҳо ҳама ифтихори худро паси дарҳо монда, худро комилан ба персонаж мебахшанд. Осуна маҳз ҳамин тавр кард. Ман аз ҳунарнамоӣ ва ҳамкории ту дар филми «Форсаж 9» хеле ва хеле ифтихор мекунам!«.

Сарчашма: intermedia.ru