Ҷастин Бибер албомро ба лайкҳо иваз мекунад

Ҷастин Бибер ваъда додааст, ки бо як шарт то охири соли 2019 албоми нав мебарорад: агар пости ӯ дар инстаграм 20 млн лайк гирад. Дар ҳолати муваффақ шудан, албом пеш аз соли нав мебарояд.

— Ман қариб тамом кардам, аммо бо дастгирии шумо ман ин корро тезтар ба анҷом мерасонам, — навиштааст сароянда.

Дар айни замон нашри пешниҳодкардаи ӯ — 9,6 млн лайк гирифта аст.

Маълум аст, ки Бибер аз моҳи октябр инҷониб, аз рӯи албоми номбурда кор мекунад ва эҳтимол нақша дорад, ки онро “Jummy Yummy” ном диҳад. Дигар маълумотҳо ҳоло маълум нест.

Сарчашма: intermedia.ru