Кевин Харт либоси асри гузаштамонанди Дуэйн Ҷонсонро масхара кард

Дар сурати муаррифишудаи трейлери нави филми «Джуманджи: Новый уровень» Дуэйн Ҷонсон ва Кевин Харт видеоеро барои омад омади Хеллоуин сабт намуданд. Дар навор Харт ба хонаи Ҷонсон меояд. Ӯ бошад, дар фикри ба даст овардани ширинӣ аст.

Ҳамзамон, Харт бо образи Ҷонсон аз акси машҳуре, ки дар он ҷо ӯ бо ҷемпир, халтаи камаргир ва занҷири тиллоиро нишон дода шудааст, вориди хона мегардад. «Барои ин шуда, бояд ба мағоза рафта гуфтан кифоя аст, ки “Аз ман як аблаҳ созед»- мегӯяд Харт.

Дар «Джуманджи: Новый уровень» қаҳрамонон маҷбуранд ба олами ҷангал ва хатарҳои он баргарданд, то ин ки бо мушкилоти наве, ки бозии беохир омода кардааст, мубориза баранд. Фақат як мушкилӣ ҳаст: ҳамроҳи Эдди ва Майло пиронсолон (Дэнни ДеВито ва Дэнни Гловер), ки дар бораи он чӣ дар бози худ медиҳад, ҳатто тасаввурот надоранд, ворид шудаанд.

Сарчашма: kinopoisk.ru