«Холодное сердце 2»: Элза дар ҷустуҷӯи ҷавоб аст

Соли 2019 ба назар чунин менамояд, ки барои студияи Дисней бениҳоят соли муваффақ мешавад. Филмҳои Marvel ба студия имкон дод, ки аз 7 миллиард доллар зиёдтар фоида ба даст орад. Ғайр аз ин, ба наздикӣ намоиши филмҳои сертамошобин, аз қабили саҳнаи нуҳуми «Звездные войны» ва ҳамчунин «Холодное сердце 2» низ мухлисону ҳаводоронро интизор аст. Созандагон ваъда медиҳанд, идомаи ин филми тасвирӣ бинандагони хурдсоли худро бо сурудҳои нав, бисёр офаридаҳои аҷиб ва саёҳатҳои шавқовар хушнуд месозад.

Дар «Холодное сердце 2» Элза қарор кард, ки пайдошавии қобилиятҳои яхбандии худро маълум кунад ва чӣ қувваи пурасрор ӯро ба худаш ҷалб кардан мехоҳад. Ҷавоби ин сирри ниҳониро ӯ дуртар аз ватани худ дарёфт карда метавонад. Бинобар ин ӯ бо ҳамроҳии Анна, Кристоф, Олаф ва Свен ба сафари хатарнок, аммо шавқовар меравад. Шояд ин роҳ онҳоро ба пайдоиши афсонаҳои қадимӣ роҳнамоӣ кунад ва барои ошкор кардани асрори марбут ба гузаштаи Эренделл кумак расонад.

Сарчашма: kinopoisk.ru