Хонаи нависанда Стивен Кинг хона-музей мешавад

Шӯрои шаҳри Бангори иёлати Мэни Амрико, дархости Стивен Кинг ва зани ӯ Табитаро якдилона дастгирӣ кард, то ин ки хонаи нависандаро ҳамчун созмони ғайридавлатӣ ба қайд гирифта шавад. Акнун имкони хуб фароҳам оварда мешавад, то ки хонаи 47-и кӯчаи Уэст-Бродвей ба бойгонии хона-музей табдил ва дар он ҷо кору дастовардҳои Кинг нигаҳдорӣ шавад.

«Оилаи Кингҳо ҳамеша барои шаҳри Бангор хеле хубиҳо кардаааст ва дар тӯли солҳо миллионҳо долларро ба шаҳр хайр намудааст», — гуфт Бен Спрог, раиси Шӯро. «Барои Бангор нигоҳ доштани мероси онҳо дар ин ҷо хеле муҳим аст».

Хонаи нависанда Стивен Кинг хона-музей мешавад
Хонаи Стивен Кинг дар шаҳри Бангор, иёлати Мэни Амрико

Хотиррасон менамоем, ки барои ба бойгонӣ ворид шудан лозим аст, ки пешакӣ номнавис шавед. Илова бар ин, нависандагоне, ки мехоҳанд дар оромӣ эҷод намоянд, манзилеро ба иҷора гирифта метавонанд. Дар як вақту соат дар дохили хона метавонад панҷ нафар меҳмон қарор дошта бошад.

Бангор — шаҳраки ороми амрикоист, ки боиси пайдо шудани илҳоми Деррӣ дар романи Кинг «Оно» ба шумор меравад. Нависанда соли 1983, ҳангоме ки идеяи китоби клоуни ногуфтаниро андеша мекард, кӯчида омада буд. Кинг мехост романи асотирӣ дар бораи достонҳои бофташуда нависад ва маҳз ҳамин шаҳр ба ӯ илҳоми тоза бахшид.

Сарчашма: kinopoisk.ru