Худкушӣ: Ситораи k-pop ва ҳунарпешаи машҳур Соллиро мурда ёфтанд

Ҳунарпешаи 25 солаи кореягӣ ва иштирокчии собиқи k-pop-гурӯҳ Соллиро дар хонаи истиқоматияш дар шаҳри Соннами Куриёи Ҷанубӣ мурда дарёфтанд. Ҷасади Соллиро менеҷери ӯ пайдо кардааст, ки тавре хабар дода мешавад, ӯ якчанд муддат бо ҳунарпеша тамос гирифта наметавонист. Ҳанӯз сабаби марги Соллӣ маълум карда нашудааст, аммо пулис гумони худкуширо аввалиндараҷа меҳисобад.

Соллӣ, ки номи ҳақиқиаш Чхве Чжин Рӣ аст, иштирокчии гёрлз-бэнди F(x) буд, аммо соли 2014 барои чанд муддат гурӯҳро тарк намуд, чун зуд-зуд дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо таҳқир ва танқидҳо дучор мешуд. Як сол пеш, вай қатъан аз гурӯҳ хориҷ шуд, то диққати худро ба касби ҳунарпешагӣ равона созад. Соллӣ танҳо дар филмҳои кореягӣ нақш офаридааст — нақши аввалини худро дар 11-солагӣ ба даст овардааст ва дар синни 23-солагӣ ӯ якчанд нақшҳои асосӣ дар филмҳо дошт.

Дар мавриди ҳаёти шахсии Соллӣ агар бигӯем, ӯ тайи ду соли охир ҳеҷ гуна муносибате надошт (дар ҳар сурат, мардум аз ин огоҳ набуданд).

Ҳодисаҳои худкушӣ дар байни ситораҳои ҷавони K-pop-и Куриё кам нестанд. Ба ҳама маълум аст, ки онҳо таҳти назорати қатъии продюсерони худ қарор доранд (онҳо парҳезҳои шадид доранд, ҳаёти шахсии худро барои мансаб қурбонӣ мекунанд ва ҳатто наметавонанд ҳамеша бо телефонҳои мобилӣ сӯҳбат кунанд). На ҳама ба чунин маҳдудиятҳои шадид (боз дар ин ҷо таҳқирҳои шадиди шабакаҳои иҷтимоиро илова мекунем) тоб оварда метавонад, бинобар ин бисёре аз ситораҳои машҳури Корея ба депрессия меафтанд.

Сарчашма: vk.com