Killed by Google: Ширкати Google қабристони «ҳақиқии» лоиҳаҳои бастаашро бунёд кард

Оё агрегатори RSS Reader, хадамот барои кор бо аксҳои Picasa ё шабакаи иҷтимоии Google+ -ро дар хотир доред? Лоиҳаҳое, ки натавонистанд дигар «зинда» бимонанд, ширкат онҳоро дафн кард. Ва ба онҳо санги мазор гузошт.

Корманди ширкати Google тасвири майдонеро бо санги мазору номи хидматрасониву лоиҳаҳои басташудаи ширкат дар саҳифаи твиттер гузошт.

Тавре нашрияи The Verge хабар медиҳад, ин қабристони ба худ хос, эҳтимол дар даромадгоҳи коргоҳи Google ҷойгир шудааст.

Маълум аст, ки ширкат бисёр лоиҳаҳои басташуда дорад, ҳатто сайте бо номи Killed by Google мавҷуд аст, ки хадамотҳоеро, ки ширкат «куштааст», ҳамчунин лоиҳаҳое, ки дар ояндаи наздик, корашонро қатъ мекунанд, номбар мешавад.

Эҳтимол, ширкат тасмим гирифтааст, ки ба эҳтироми ғояҳои номуваффақро дар ҷаҳони воқеӣ ба ҷо орад. Дар қабристон, ки бо кадуҳои Halloween оро дода шудааст, қабрҳои Picasa, Google Buzz, Orkut, Google Wave ва Google+ мавҷуданд.

Кадом лоиҳаҳои машҳур баста шуда буданд? Нашрияи The Verge — RSS-агрегатори Google Reader-ро, ки шаш сол қабл баста шуда буд, ба ёд оварда, навори соли 2008-ро дар мавриди чӣ гуна истифода бурдани ин хидматрасонӣ нашр намуд.

Бисёриҳо шояд хидматрасониҳои кор бо аксҳо Picasa, шабакаи иҷтимоии Google+ ва ё хадамот барои сохтани веб-портали шахсӣ iGoogle-ро ба хотир оранд.

Сарчашма: esquire.ru