Конор Макгрегор - баландмуздтарин варзишгар дар таърихи UFC

Конор Макгрегор, варзишгари муҳорибаҳои омехта дар рӯйхати варзишгарони баландмузд дар таърихи UFC ҷойи аввалро ишғол намуд.

Ташкилоти Дэйна Уайт ба Макгрегор 8,56 миллион евро пардохт кардааст. Аввалин қувваозмоии Конор дар UFC соли 2015 буд ва аз он вақт ба ин сӯ аз панҷ рӯйдоди бузурги хазинавӣ дар чортояш ширкат варзидааст.

Дар ҷойи дувум – Майкл Биспинги бритониёӣ қарор дорад, ки даромади ӯ аз қувваозмоиҳо 6,38 миллион евроро ташкил медиҳад. Кору фаъолият дар MMA ба саломатии варзишгар таъсири ҷиддӣ расонидааст – вай зону ва чашмони сунъӣ дорад.

Дар ҷойи сеюм — рақиби эҳтимолии Ҳабиб Ҷорҷ Сент-Пери канадоӣ мебошад, ки 6,29 миллион доллар сарват дорад.

Қаҳрамони мутлақи кунунии созмон дар вазни сабук Ҳабиб Нурмагомедов ҳатто дар рӯйхати бистгонаи беҳтарин ҷойгир нашудааст. Рақамҳоро нашрияи The Street нашр кардааст. Дар ҳисоби даромади варзишгарон танҳо пардохтҳои холис барои муҳориба (бе шартбандиҳои сарпарастӣ ва имтиёзҳо) ба назар гирифта шудааст.

Ёдовар мешавем, ки Конор Макгрегор бо шикаст хӯрдан аз Ҳабиб Нурмагомедов дар соли 2018 ҳанӯз ба ҳашткунҷа (октагон) набаромадааст. Қарор аст, ки моҳи октябр дар Маскав бо Конор нишасти матбуотӣ баргузор гардад.

Сарчашма: eurosport.ru