Конор пурқувваттарин варзишгар ва футболбози қавиро дар таърих номбар кард

Муҳорибагари ҳунарҳои размии омехта Конор Макгрегор андешаи худро дар бораи пурқувваттарин варзишгари таърихи футбол гуфт.

“Варзишгари беҳтарини ҷаҳон? Криштиану Роналду. Ӯ варзишгари беназирест, ки дар кору фаъолияти худ бисёр ҷоизаҳо бурд кардааст. Фикр мекунам, ки вай футболбози бузург дар таърих аст”, — иқтибос меорад суханҳои Конорро сомонаи Sport24.

Ёдовар мешавем, ки Криштиану Роналду панҷ карат соҳиби «Тӯби тиллоӣ», панҷ маротиба ғолиби Лигаи чемпионҳо, қаҳрамони Англия, Испания ва Италия, ғолиби Евро-2016 ва Лигаи миллатҳо-2018/19 мебошад. Ӯ дар чемпионати Италия-2019/20 7 бозӣ гузаронида, 4 гол задааст ва 1 ассист додааст.