Ледӣ Гага мухлисони худро ҳайратзада кард

Овозхони номдори амрикоӣ Ледӣ Гага дар саҳифаи твиттераш навишт, ки албоми нави худро «Адел» ном мегузорад.

«Албоми навбатии худро Адел меномам», — навиштааст овозхон.

Сароянда дигар шарҳ надод, ки чаро маҳз «Адел»? Ба ҳамин хотир, мухлисон ва рӯзноманигорон ҳайрон мешаванд, ки оё овозхон шӯхӣ дорад ва ё қартаи навбатии худро ба номи дигар овозхони маъруф мегузорад.

Гага қаблан бо Адел ҳамкорӣ накардааст ва то ҳол онҳоро танҳо аксҳои муштаракашон муттаҳид мекунаду халос.

Ледӣ Гага мухлисони худро ҳайратзада кард acd93cfaf677d8fad7e0a9497305b2f1 1024x1019
22.JANUARY.2015
ADELE AND LADY GAGA SEEN IN THIS CELEBRITY TWITTER PICTURE!
BYLINE MUST READ: SUPPLIED BY XPOSUREPHOTOS.COM
*Xposure Photos does not claim any Copyright or License in the attached material. Any downloading fees charged by Xposure are for Xposure’s services only, and do not, nor are they intended to, convey to the user any Copyright or License in the material. By publishing this material , the user expressly agrees to indemnify and to hold Xposure harmless from any claims, demands, or causes of action arising out of or connected in any way with user’s publication of the material*
**UK CLIENTS MUST CALL PRIOR TO TV OR ONLINE USAGE PLEASE TELEPHONE +44 208 344 2007**

Дар бораи сабти албоми шашуми студиявии Ледӣ Гага ҳанӯз моҳи март маълум шуда буд.

Санаи баромад ва тафсилоти дигари албоми нав то ҳол маълум нест, аммо дар ҳамин ҳол мухлисон ба твитҳои Гага дар бораи «Адел» вокуниш нишон медиҳанд.

Ёдовар мешавем, ки Адел овозхони маъруфи бритонӣ буда, дорандаи ҷоизаи Грэммӣ мебошад.