Манижа Сангин барои мардуми деҳа сароид - Навор

Овозхони тоҷики муқими Русия Манижа Сангин ба суруди «Сейчас дважды не случится» клип пешниҳод кард. Намоҳанги кӯтоҳметражи мусиқавӣ ба намуди синамои шӯравӣ, мавзӯи ксенофобияи маиширо мебардорад, ки бо дастгирии ширкати синамоии «Небо»-и Резо Гигинеишвили ба навор гирифта шудааст. Коргардони клип худи Манижа мебошад.

Мувофиқи сужа писарбачаи деҳотӣ духтари тоҷикро дӯст медорад ва ӯро ба деҳааш меорад, ки мардуми он ҷо ба ӯ суруд хонданро пешниҳод мекунанд. Духтар месарояд ва ин барои тамоми сокинони деҳа таассуроти фаромӯшнашаванда мегузорад.

— Ин як ҳикояи тамасхуромез аз ҳаёти мо аст, ки пур аз одатҳои қолабӣ ва монеаҳо иборат аст: «зан бояд … …», «пирон наметавонанд …», «бегонаҳо = баданд». Ҳамин тавр, мо бо розигии хомӯшӣ зиндагӣ мекунем, дар ҳоле ки чизи муҳим ва ҳозираамонро аз даст медиҳем. Ҳамин тавр, ҳоло ин ду бор рух намедиҳад, — наворро муаррифӣ намуда навиштааст Манижа дар Instagram.

Сарчашма: intermedia.ru