Мессӣ - аввалин футболбоз дар таърих аст, ки дар 15 мавсими Лигаи чемпионҳо пайи ҳам гол задааст

Ҳамлавари маъруфи бошгоҳи «Барселона» Лионел Мессӣ дар дақиқаи сеюми бозӣ бар муқобили дастаи «Славия»-и Прага дар Лигаи чемпионҳо ба дарвозаи ҳариф гол ворид намуд ва боз як дастоварди беназирро соҳиб гашт: Лео — нахустин бозигарест, ки дар тӯли 15 мавсими мусобиқа пайи ҳам гол задааст.

Ин футболбози аргентинӣ ба сабаби ҷароҳате, ки дар тобистон ва дар оғози сабқат гирифта буд, бозӣ намекард, аммо дар Лигаи чемпионҳо аз дақиқаҳои аввал ба бозӣ баромад. Аллакай дар вохӯрии аввал, Лео ба дарвозаи рақибон гол зада, рекорди дигар гузошт — аз соли 2005/06, ҳамлавар ягон рақобатро дар мусобиқаи асосии ҷоми Аврупо бидуни гол нагузаронидааст.

Инак, голи таърихии Мессӣ:

Криштиану Роналду пас аз баромади аввалинаш дар мусобиқоти Лигаи чемпионҳо пайи ҳам гол задааст, аммо бозии аввалини ӯ ба мавсими 2006/07 рост меояд. Ҳамин тариқ, дар Криштиану як сол камтар самаранок аст.